БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун, дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ», аз рафти корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 боздид ба амал оварданд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи «Лоиҳаи тақвияти идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон (SWIM)» амалӣ гардида, фармоишгари он Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Идоракунии лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» ба роҳ монда шуда, мушовир — ширкати «ТЭМЕЛСУ» ва пудратчӣ — ҶСК «ТГЭМ» мебошанд.

Лоиҳа аз ҷониби Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ё Ассотсиатсияи байналмилалии рушд) маблағгузорӣ гардида, маблағи умумии он 8 195 670,78 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа таҷдид ва азнавсозии 5 пойгоҳи обкашӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун буда, дар доираи он насби 44 адад дастгоҳҳои муосири обкашӣ, иваз намудани 4500 метр қубурҳои баландфишор, иҷрои 8000 м³ корҳои оҳаниву бетонӣ, тозакунии 5 километр шабакаҳои обрасонӣ ва пурра навсозии таҷҳизоти барқӣ пешбинӣ гардидааст.

Айни замон зиёда аз 65 фоизи корҳои лоиҳа анҷом ёфтааст. Аз ҷумла:
– 11 адад дастгоҳи обкашӣ дар пойгоҳи Қумсангир-3;
– 6 адад дастгоҳи обкашӣ дар пойгоҳи Қумсангир-4 насб гардидааст;
– зиёда аз 3500 метр қубурҳои баландфишор иваз карда шудааст;
– беш аз 80 фоизи корҳои оҳаниву бетонӣ дар пойгоҳҳои №3, №4 ва №5 анҷом ёфтааст;
– 30 адад дарвозаҳои обпарто нав карда шудааст;
– зиёда аз 3,5 км шабакаҳои обрасонӣ тоза гардидааст;
– 60 фоизи корҳои таҷдиди биноҳо ва 75 фоизи корҳои иваз намудани таҷҳизоти барқӣ иҷро шудааст.

Корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи обкашии Қумсангир-3 то имрӯз 7500 гектар заминҳои корамро бо оби полезӣ таъмин менамуд. Ин иншоот солҳои 1961–1962 сохта шуда, бинобар фарсуда гардидани таҷҳизот иқтидори он то 6300 гектар коҳиш ёфта буд. Бо татбиқи лоиҳа ва насби таҷҳизоти муосир, таъминоти саривақтии об ба пуррагӣ барқарор гардида, имконияти обёрии тамоми 7500 гектар замин беҳтар мегардад.

Ҳамзамон, бо истифодаи таҷҳизоти муосир сарфаи неруи барқ таъмин гардида, талафоти он ба таври назаррас коҳиш дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди соҳаи обёрӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат намуда, заминаи мусоид барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии минтақа фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles