ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Имрӯз, 1 апрел, дар вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи назаррас оғоз гардид. Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра, яъне 100 фоиз иҷро шуда, ҷавонони зиёде бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Қобили зикр аст, ки вилояти Хатлон бори чорум дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзҳои аввал пурра иҷро намояд, ки ин нишондиҳандаи омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ дар вилоят мебошад.

Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим, дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар, “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Субҳи имрӯз дар саҳни комиссариати ҳарбии вилоят маросими ботантанаи гусели наваскарон баргузор шуда, сипас онҳо бо парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоӣ намуданд.

Дар роҳпаймоӣ садҳо ҷавонони ихтиёрӣ иштирок намуда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд. Сокинони шаҳри Бохтар низ дар кӯчаҳо бо қарсакҳои гарму самимӣ наваскаронро рӯҳбаланд карданд.

Дар варзишгоҳ маросими бошукӯҳи гусели сарбозон баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар чорабинӣ иштирок намуда, ҷавонони далеру матиниродаро, ки аввалин шуда барои хизмати ҳарбӣ ҳозир гардидаанд, аҳсану офарин хонданд. Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад.

Зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ буда, нақши калидӣ дар ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа доранд. Дар солҳои охир Артиши миллӣ зина ба зина рушд карда, шароити хизмат ва инфрасохтори ҳарбӣ беҳтар гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ, модари яке аз даъватшавандагон аз шуҷоату ватандӯстии ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва сарояндагони маъруфи вилоят идома ёфта, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрикунонидашуда ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.

Сипас, тибқи анъанаҳои миллӣ, маросими “нонгазон” ва супоридани рӯймолчаҳо аз ҷониби модарон ва гулдухтарон баргузор гардида, наваскарон бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан гусел шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles