Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо шароити таълим дар муассиса аз наздик шинос шуда, бо роҳбарият ва омӯзгорон оид ба сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон суҳбат анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон шумораи хонандагон дар муассиса зиёд буда, бинобар тангии ҷойи нишаст, зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омадааст.
Қайд гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои хонандагон, сохтмони бинои иловагӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардида, сифати таълим боз ҳам баланд бардошта шавад.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон бо хонандагон ва омӯзгорон мулоқоти самимӣ доир намуда, онҳоро ба масъулияти баланд дар самти таълиму тарбия ҳидоят карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо истифода аз шароити фароҳамгардида донишҳои муосирро аз худ намуда, дар оянда барои пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми боздид Давлаталӣ Саид ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъмини шароити мусоиди таълим, баланд бардоштани сифати дарсҳо ва сари вақт амалӣ намудани нақшаҳои сохтмониро аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

