ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар семинари илми-амалӣ иштирок намуданд. Семинар дар мавзӯи «Роҳҳои афзун гардонидани истеҳсоли кирми моҳӣ ва моҳичаҳо дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон» баргузор гардид.

Семинар дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» доир шуда, дар он кормандон ва масъулони соҳаи моҳипарварӣ, олимон ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд. Дар семинар роҳҳои такмили усулҳои истеҳсолот, афзоиши ҳосилнокии кирми моҳӣ ва моҳичаҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти моҳипарварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилояти Хатлон ҳангоми суханронӣ таъкид карданд, ки рушди соҳаи моҳипарварӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот на танҳо ба таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, балки ба афзоиши ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодиёти маҳаллӣ низ саҳми муҳим мегузорад.

Ҳамзамон Давлаталӣ Саид масъулон ва иштирокдоронро вазифадор намуданд, ки таҷрибаи пешқадам ва усулҳои муосири истеҳсолотро ҷорӣ намуда, истеҳсоли маҳсулоти босифати моҳипарвариро дар вилоят тақвият бахшанд.

Иштироки роҳбарияти вилоят дар семинар нишондиҳандаи таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи моҳипарварӣ ва татбиқи тадбирҳои самаранок барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles