Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маркази савдо ва сехи дузандагиро дар деҳаи Хуррамдеҳ, ҷамоати Меҳробод мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави дуошёнаи маркази савдо ва сехи дузандагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори ватанӣ – сокини маҳаллӣ Айматова Ҳикоят бунёд гардидааст. Харҷи умумии сохтмони иншоот 460 ҳазор сомонӣ буда, он ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ин марказ барои 10 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад ва барои рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо шароити марказ таъкид карданд, ки дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва бунёди чунин иншоотҳо барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад.
Ифтитоҳи маркази савдо ва сехи дузандагӣ қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб рафта, барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти истеҳсолӣ ва таҳкими соҳибкории маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

