Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаи варзиширо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 мавриди истифода қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ дар деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзода, ҷамоати деҳоти Вахшон ҷойгир буда, бо саҳми сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Барои сохтмони ин иншооти варзишӣ 350 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардида, он дар масоҳати 924 метри мураббаъ сохта шудааст.
Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, аз ҷумла сабзаи сунъӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои машқу тамрини ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи маълумот, дар як вақт то 40 нафар ҷавонон метавонанд дар ин майдонча ба машқҳои варзишӣ фаро гирифта шаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои майдончаи варзишӣ аз ташаббуси сокинон дар самти бунёди чунин иншооти муфид изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди инфрасохтори варзишӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бунёди чунин иншоот дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити фароғат ва солимгардонии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 қадами муҳим дар самти рушди соҳаи варзиш ва ободонии деҳа ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сатҳи саломатии ҷомеа мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

