ОҒОЗИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маросими оғози корҳои сохтмони бинои иловагии дуошёнаи таълимӣ иштирок намуданд.

Иншооти мазкур дар заминаи бинои садамавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, воқеъ дар деҳаи Правда, ҷамоати деҳоти Вахшон бунёд гардида, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои нави таълимӣ аз 11 синфхона ва утоқи кории директори муассиса иборат буда, ба талаботи муосири соҳаи маориф ҷавобгӯ хоҳад буд. Қайд гардид, ки сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми сокинони маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, харҷи умумии он 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ба истифода додани бинои таълимӣ дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2026 амалӣ карда шавад.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо сокинон ва масъулон аз ташаббуси аҳолӣ дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим барои хонандагон аҳамияти муҳим доранд.

Зикр гардид, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмиру навсозии иншооти мавҷуда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles