ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ОШХОНАИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳраки Хоҷамастон маркази хизматрасонӣ ва ошхонаи миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Қ. Қурбонов ҷойгир буда, ҳамчун як маркази муосири хизматрасонӣ ва хӯроки умумӣ бунёд гардидааст. Бино аз се ошёна иборат буда, бо ҷалби сармояи соҳибкори ватанӣ – сокини деҳоти Меҳробод, деҳаи Обшорон Фаёзов Маҳмурод сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, дар натиҷа барои 10 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо шароити марказ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди чунин иншооти хизматрасонӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дастгирии соҳибкории ватанӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, чунин ташаббусҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат менамоянд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва ошхонаи миллӣ дар шаҳраки Хоҷамастон қадами навбатӣ дар самти ободонӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасонӣ арзёбӣ гардида, барои сокинон шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles