ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маъракаи оғози кишти пахта иштирок намуданд.

Зимни боздид, нахуст раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимҷон», воқеъ дар деҳаи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр, дар оғози кишти пахта ба таври анъанавӣ ширкат варзиданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дар майдони 19 гектар замини корами обӣ фаъолият дошта, аз ин миқдор дар 6 гектар кишти пахта ба таври анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Олимҷон», воқеъ дар деҳаи Чашмасор, ҷамоати деҳоти Меҳробод, дар оғози кишти пахта зери плёнка иштирок намуданд. Хоҷагии мазкур дар майдони 11,89 гектар замини корами обӣ фаъолият дошта, дар 8 гектари он кишти пахта бо усули зери плёнка ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта зери плёнка, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сарфаи об ва таъмини рушди соҳаи пахтакорӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо деҳқонон ва масъулони соҳа ба истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб меравад.

Иштироки роҳбарияти вилоят дар оғози маъракаи кишти пахта нишондиҳандаи дастгирии пайвастаи соҳаи кишоварзӣ буда, барои деҳқонон ҳавасмандии бештар фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles