ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 28 март, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти муҳими корӣ миёни раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони як ширкати гурӯҳи технологӣ ва электронии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт метавонад ба рушди устувори иқтисодии минтақа ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз дар вилоят — таъмини устувори аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва талаботи рӯзафзун ба нерӯи барқ, татбиқи лоиҳаҳои наву замонавӣ дар соҳаи энергетика амри зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ширкати «СЕТС»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки татбиқи чунин лоиҳаи бузург на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи таъмини барқ мусоидат мекунад, балки ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист низ замина мегузорад.

Намояндагони ширкати чинӣ омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика изҳор намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки таҷрибаи бойи ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ метавонад барои амалисозии босамари ин ташаббус мусоидат намояд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, ҷалби мутахассисон, омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро низ баррасӣ карданд.

Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки чунин ҳамкориҳои судманд миёни вилояти Хатлон ва ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар оянда боз ҳам таҳким ёфта, ба рушди соҳаи энергетика ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles