Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Дӯстӣ»-ро, ки дар деҳаи Қайендеҳи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Зикр гардид, ки таъсиси корхонаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба рушди саноати коркард ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ равона шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, дар корхона 12 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 1 тонна шир коркард карда шавад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар корхона 5 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол шуда, ба бозори дохилӣ пешниҳод мегардад. Ин иқдом метавонад дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот саҳми назаррас гузорад.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Назаров Ҷумахон бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, намунаи равшани саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба ташаббуси соҳибкор баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маҳсулоти ширӣ, барои баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулот, васеъ намудани номгӯи истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дӯстӣ қадами муҳим дар роҳи саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди иқтисодиёти маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

