ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Имрӯз, 26 март, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид майдончаи варзишии деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати деҳоти «Навоӣ»-ро ифтитоҳ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ дар масоҳати 882 метри мураббаъ бунёд гардида, барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори варзишӣ дар маҳал сохта шуда истодааст.
Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии майдонча бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Имомиддинов Бахтиёр амалӣ гардида, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Бо дастгирии чунин ташаббусҳои созанда, имкониятҳои варзишӣ барои сокинон, бахусус ҷавонон, боз ҳам беҳтар мегардад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар рушди ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас, инчунин пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон нақши муҳим дорад.
Майдончаи варзишӣ ба як макони муносиб барои машғул шудан ба варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ табдил ёфта, дар рушди соҳаи варзиш дар ноҳияи Дӯстӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

