БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №14-И НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Имрӯз, 26 март, дар доираи сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Дӯстӣ бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ҳадафи асосии чунин тадбирҳо фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил барои хонандагон ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар маҳалҳо мебошад.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бинои нав бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шуда, арзиши умумии он 4 миллиону 647 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур аз 7 синфхонаи барҳаво ва 2 утоқи корӣ иборат буда, барои ба роҳ мондани раванди босифати таълим имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки 7 синфхона бо системаи муосири гармидиҳӣ таъмин гардида, барои фасли сармо шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки хонандагон дар муҳити гарм ва бароҳат ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншоотҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушду нумӯи соҳаи маориф аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон масъулон вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёгардида ва таъмини сатҳи баланди таълим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ дар назди МТМУ №14 қадами муҳим дар роҳи беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

