ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН
24 марти соли 2026 дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми II байниминтақавии соҳибкории Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои соҳибкорӣ равона гардидааст.
Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, инчунин масъулини мақомоти давлатӣ ва беш аз 100 соҳибкор намояндагӣ карданд.
Ба кори Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хоҷаев Ҷамшид оғоз бахшид. Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки имрӯз муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо тамоюли устувори болоравӣ рушд доранд. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони давлатҳо, ҳамкориҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нави рушд расида, қариб тамоми самтҳои калидӣ, аз савдо ва сармоягузорӣ то ҳамкориҳои саноатӣ, нақлиёт, логистика, фарҳанг ва робитаҳои башардӯстонаро фаро гирифтаанд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ буда, барои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Вилоят дорои иқтидори бузурги истеҳсолӣ, захираҳои табиӣ ва неруи меҳнатӣ буда, ба рушди соҳаҳои агросаноатӣ, нассоҷӣ ва коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.
Гуфта шуд, ки афзалияти гузариш аз ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва таъсиси корхонаҳои муштарак дода мешавад. Дар идома раиси вилоят аз соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват намуд, ки дар рушди ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои иқтисодӣ бо вилояти Хатлон фаъолона иштирок намоянд.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, самтҳои нави шарикӣ ва иқтидори сармоягузории минтақаҳои худро баррасӣ ва муаррифӣ намуданд. Ин чорабинӣ ба густариши ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, муайян намудани имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Дар идома раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, ҳокими вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мустафоев Улуғбек, ҳокими вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қосимов Улуғбек, муовини ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобоҷонов Ҷамшид ва муовини раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Яъқубӣ баромад намуда, оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши шарикӣ байни минтақаҳо суханронӣ карданд.
Ҳамзамон дар доираи ин форум шартномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки аввалин форуми байниминтақавии сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон 9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор гардида, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ замина гузошт.
Тибқи маълумоти соли 2025, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 718,3 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024 22,5 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҳадафи муҳимеро мувофиқа карданд, ки ҳаҷми савдои мутақобиларо то 2 миллиард доллар расонанд, ки ин аз иродаи онҳо барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар дарозмуддат шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон дар доираи форум павилонҳои махсусе ташкил гардиданд, ки меҳмонон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ бо шароити муосири фароҳамшуда дар маҷмаа, инчунин бо намоишгоҳҳое, ки имкониятҳои истеҳсолии минтақаҳоро муаррифӣ мекарданд, шинос шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

