Ҳамватанони азиз!
Бо самимияти бепоён ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки нишонаи эҳтирому гиромидошти оини динии мардуми тоҷик ба шумор меравад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди вилоят саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мардуми сарбаланди кишвари азизамон, аз ҷумла мо – сокинони Хатлонзамин, метавонем Иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллию давлатиро дар шароити истиқлолу озодӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил намоем.
Иди саиди Фитр бо фазилатҳои хеш мардуми башарро ба риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар, пок сохтани зоҳиру ботин ва роҳи рост ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки донишмандон бо такя ба ин амалҳои нек даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботаҳаммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳонаву хушбинона дошта бошанд.
Мусаллам аст, ки ҳар як фарди меҳан ба муносибати айёми Иди саиди Фитр талош менамояд, ки ба ятимону маъюбон, беморону барҷомондагон ва ниёзмандон кумаки хешро расонида, дигар амалҳои хайру саховат анҷом диҳад ва ба воситаи ин амалҳо соҳиби савоби бештаре гардад.
Дар мазҳаби мо инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ба зиндагии муносибу арзанда, хайру эҳсон, росткорию ростқавлӣ ва ҳиматбаландию кушодадилӣ ҳидоят менамояд.
Неъмати бебаҳо дар зиндагии ҳар яки мо истиқлолу озодии Ватани биҳиштосоямон, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Пешвои миллат зимни суханронӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд: «Махсусан, дар шароити буҳрони ҷаҳони муосир, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст, ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири боз ҳам устувор намудани иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа кӯшиш намоем ва баҳри ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон-Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он ҳамеша омода бошем».
Чунин шароит ҳар як сокини вилоятро водор менамояд, ки бештар аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошанд ва аз бегонапарастию рӯй овардан ба фарҳанги бегона худдорӣ намоянд. Дар ин шароит зарур аст, ки аз мавсими кишти баҳорӣ самаранок истифода бурда, истифодаи оқилонаи заминҳои киштро таъмин намоем ва вобаста ба захираи дусолаи хӯрокворӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳангоми оростани дастархони идона мо бояд аз харҷи беҳуда худдорӣ намуда, сарфаю сариштакор бошем ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъмин намоем.
Ҳамзамон, ба ҷои беҳудагардии фарзандон дар кӯчаҳо ва идгардаки бемаврид ба роҳи илму дониш, рӯй овардан ба китобхонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани касбҳои гуногун ҳидоят намуда, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем.
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва “Шоҳномахонӣ” баргузор гардида истодааст. Ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи мо имкон доранд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид истифода карда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва савияи дониши худро боз ҳам баланд бардоранд.
Итминони комил дорам, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар, кулли мардуми сарбаланди Хатлонзамин дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо меҳнати асил ва ташаббусҳои созанда 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз мегиранд.
Бо умеди ободии Ватани азиз, пойдории сулҳу суботи комил ва Ваҳдати сартосарии кишварамон бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи вилоят шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон зиндагии ободу осуда, сарсабзиву шодкомӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

