БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 боздид намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, таъмини иншоот бо масолеҳи сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ шинос гардида, бо масъулин ва сохтмончиён суҳбати судманд анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд гардида истодааст. Сохтмони бинои иловагӣ ба беҳтар намудани шароити таҳсил, бартарафсозии норасоии ҷойҳои нишаст ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа ва роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муқарраршуда ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо биноҳои замонавӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles