Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон майдони Нишони давлатиро дар деҳаи Дастгирак мавриди истифода қарор доданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази деҳаи Дастгираки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо саҳми аҳолии маҳаллӣ бунёд гардида, рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон маҳсуб меёбад. Баландии умумии иншоот 10 метрро ташкил дода, қисми пояи он 9 метр буда, худи Нишони давлатӣ бо андозаҳои 1 бар 1 метр дар болои сутунпоя насб гардидааст.
Барои бунёди иншооти мазкур 40 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ гардида, атрофи он бо роҳрав ва гулгашт зебо гардонида шудааст. Ин иқдом ба ҳусни деҳа зебоӣ бахшида, барои фароғату истироҳати сокинон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, дар паҳлӯи майдони Нишони давлатӣ бинои дуошёнаи ҷамъиятӣ бо саҳми маҳаллӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Бино дорои паҳноии 5 метр ва дарозии 10 метр буда, дар ошёнаи якуми он утоқи кории раиси Кумитаи маҳал ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи дӯзандагии омӯзишӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Деҳаи комёб» бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси ин коргоҳ ҷалби занони хонашин ба омӯзиши касби дӯзандагӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли онҳо мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо иншоот ва мулоқот бо сокинон ташаббус ва саҳми онҳоро дар корҳои ободонию созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо барои таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум аҳамияти муҳим доранд.
Сокинони деҳаи Дастгирак аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро рамзи пешрафт ва ободонии маҳал арзёбӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон ба истифода дода шудани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия ва баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

