Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмониро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар ҷамоати деҳоти ба номи Ғ. Юсуфова, деҳаи Навкорам-2 бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳимов Меҳроҷиддин бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси коргоҳ рушди соҳаҳои саноату сохтмон ва таъмини иншооти сохташавандаи ноҳия бо бетони босифати сохтмонӣ мебошад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 350 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият фароҳам меорад, ки талаботи бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ сари вақт ва бо сифати баланд қонеъ карда шавад.
Бо мақсади таъмин намудани раванди мунтазами истеҳсол ва интиқоли маҳсулот, барои коргоҳ як адад техникаи соҳавии мехлопата ва 4 адад автомиксер барои кашонидани бетон харидорӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар иншоот пурра анҷом ёфтааст.
Бо ба кор даромадани он 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо иншоот иқдоми соҳибкорро дар самти рушди истеҳсолот ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодии ноҳия шоиста арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин ташаббусҳо барои тақвияти иқтидори саноатии минтақа ва вусъати корҳои созандагӣ аҳамияти муҳим доранд.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти истеҳсолӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва ободонии бештари ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

