Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмониро ба истифода доданд.
Коргоҳи мазкур дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи Ёвони куҳна ҷойгир буда, бо ташаббуси ҶДММ «Хуршеди Асадулло» бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси он рушди соҳаҳои саноату сохтмон ва таъмини иншооти сохташавандаи ноҳия бо бетони босифати сохтмонӣ арзёбӣ мегардад.
Тибқи иттилоъ, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 350 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад, ки барои қонеъ намудани талаботи бозори маҳаллӣ ва суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади таъмини фаъолияти босамари коргоҳ як адад техникаи соҳавии мехлопата ва 2 адад автомиксер барои кашонидани бетон харидорӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар иншоот пурра анҷом ёфтааст.
Бо оғози фаъолияти коргоҳ 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо имкониятҳои коргоҳ иқдоми соҳибкоронро дар самти рушди истеҳсолоти ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодии ноҳия баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгирии чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Бояд зикр намуд, ки ифтитоҳи чунин иншооти истеҳсолӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 ба рушди устувори иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Ёвон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

