Имрӯз, 18 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор дода, Маркази саломатиро дар деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Даҳана расман ифтитоҳ намуданд.
Зимни ифтитоҳи иншоот зикр гардид, ки маркази саломатии мазкур бо саҳми аҳолии маҳаллӣ ва шарикони рушд бо маблағи 282 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои хизматрасонии тиббӣ ба беш аз 8500 нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ин иқдом дар доираи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати соҳаи тандурустӣ амалӣ гардидааст.
Маркази саломатӣ аз 8 утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошад. Дар он 15 нафар корманд, аз ҷумла 2 нафар табиб, 11 нафар ҳамшираи шафқат ва 2 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, ки ин ба беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки барои фаъолияти босамари муассиса аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас гардидааст, ки имкон медиҳад ба сокинон хизматрасонии босифат ва саривақтӣ пешниҳод карда шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо сокинон ташаббус ва саҳми онҳоро дар корҳои ободонию созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, чунин иқдомҳоро намунаи ибрат ва заминаи муҳими рушди маҳал номиданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ дар арафаи Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва оғози корҳои созандагии нав мебошад.
Сокинони ноҳия аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ифтитоҳи маркази саломатиро қадами муҳим дар самти беҳбудии сатҳи зиндагии худ арзёбӣ карданд.
Бояд зикр кард, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон ба истифода додани як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, роҳу иншооти инфрасохторӣ ва дигар биноҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин раванд ба ободонии бештари ноҳия ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

