ВОСЕЪ: ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Восеъ аз фаъолияти Кооперативи кишоварзии «Сафар-2004», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи фаъолияти кооператив истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 70 гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти масъулон, дар ин мавзеъ 9 гектар боғ, 1 гектар токзор ва 2 гектар тутзор бунёд гардидааст. Ҳамзамон, дар 35 гектар пахта, 9 гектар гандум ва 3 гектар ҷав кишт карда мешавад.

Инчунин, барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар хоҷагӣ 1 гектар картошка, 2 гектар пиёз, 3 гектар помидор, 2 гектар бодиринг ва 3 гектар полезӣ кишт ва парвариш карда мешавад.

Зикр гардид, ки кишоварзони кооператив бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва техникаи муосири кишоварзӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles