БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ИЛОВАГИИ ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1 ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 6 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои азнавсозӣ дар бинои иловагии Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои паҳлуии муассиса, ки солҳои зиёд дар ҳолати вайронӣ қарор дошт, бо саҳми ташкилоту муассисаҳои ноҳия азнавсозӣ гардида истодааст.

Бино ба нақша, пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани иншоот, дар он 20 синфхона барои фаро гирифтани то 1200 хонанда дар ду баст муҳайё карда мешавад, ки ин ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилоят иқдоми ташаббускоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода супоридани бино дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles