РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ МОДАРОНИ СОЛХӮРДА РАФТАНД

Имрӯз, 6 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати модарон Кенҷаева Меҳрӣ ва Бердиева Садаф рафта, онҳоро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуданд. Зимни мулоқот ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат саҳми ин бонувони собиқадорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, барои фаъолияти содиқона ва тарбияи дурусти фарзандон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Кенҷаева Меҳрӣ Вафоевна соли 1942 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шуда, аз соли 1965 инҷониб дар ноҳияи Кӯшониён зиндагӣ мекунад. Ӯ сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Кӯшониён буда, соҳиби ду писар ва як духтар мебошад. Фарзандонаш дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият доранд.

Кенҷаева Меҳрӣ аз рӯи ихтисос табиби кӯдакона буда, беш аз 54 сол дар соҳаи тандурустӣ хизмат кардааст. Ӯ собиқадори меҳнати соҳаи тандурустӣ буда, бо унвони Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Айни замон нафақахӯр мебошад.

Бердиева Садаф соли 1952 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, айни ҳол сокини ҷамоати Хурамдиёри деҳаи Тоҷварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ӯ зиёда аз 44 сол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият намудааст. Аз ҷумла, 11 сол директори мактаб, солҳои 1993–1995 котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои ноҳия ва мудири шуъбаи кор бо занон фаъолият кардааст. Айни замон ҳамчун мушовири шуъбаи маорифи ноҳия кору фаъолият менамояд.

Зимни аёдат раиси вилояти Хатлон ба модарони гиромӣ сиҳатмандӣ, рӯзгори осуда ва баракати зиндагӣ таманно намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles