МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОНИ ШАҲРИ БОХТАР

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Имрӯз, 6 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони шаҳри Бохтар мулоқот анҷом доданд.

Зимни суханронӣ раиси вилоят зикр намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар ин замина бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо маром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 иншооти гуногун бунёд гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 2025 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, инчунин 108 адад пул (купрук) бо дарозии умумии 3419 метр таъмиру азнавсозӣ шудаанд. Аз ин ҳисоб, мумфаршкунии 628 километр роҳ, ё 98,7 фоизи роҳҳои мумфаршшуда ва 55 адад пул бо дарозии 892 метр маҳз бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ анҷом дода шудааст. Дар натиҷа, соли сипаришуда ҳаҷми мумфаршкунии роҳҳо 2,3 баробар афзоиш ёфта, шумораи пулҳо низ 37 адад бештар гардид.

Сипас раиси вилоят дархосту пешниҳодҳо ва ташаббусҳои соҳибкоронро шунида, барои ҳалли масъалаҳои бардошташуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соҳибкоронро даъват намуданд, ки дар таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои рушди истеҳсолот, афзоиши содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо гардидани шаҳри Бохтар фаъолона иштирок намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles