МАҶЛИСИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ КОТИБИ ШУРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

МАҶЛИСИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ КОТИБИ ШУРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 6 март, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод маҷлиси корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шурои амният, раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод масъалаҳои муҳими вобаста ба таъмини амну субот, таҳкими волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба масъалаҳои зикршуда ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда андешаронӣ намуданд.

Ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сардори Раёсати маорифи вилоят низ суханронӣ намуданд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда дар ҷаласаи Шурои амният қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles