ҚАДРДОНИИ АБДУЛЛОИ ОРИФ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҚАДРДОНИИ АБДУЛЛОИ ОРИФ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 5 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Абдуллои Ориф дидору мулоқот анҷом дода, ба ӯ барои дастоварди назаррас дар мусобиқаи байналмилалӣ 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуданд.

Абдуллои Ориф дастпарвари Мактаби махсуси варзишии вилояти Хатлон оид ба намудҳои гӯштин ба номи Саймуъмин Раҳимов дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ дар вазни -73 кг дар мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam 2026, ки дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, бар ҳамаи рақибон пирӯз шуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Ин дастоварди бузург натиҷаи заҳмати пайваста, иродаи қавӣ ва омодагии ҷиддии варзишгару мураббиён арзёбӣ мегардад.

Тибқи тақвими расмии мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо аз 27 феврал то 1 марти соли 2026 дар мусобиқаи сатҳи олии «Гран Слам», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат варзишгарони мамлакат бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва омодагии хуби ҷисмонию техникӣ 1 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали тиллоро Абдуллои Ориф соҳиб гардида, медали биринҷиро Нуралии Эмомалӣ ба даст овард.

Ин дастовард саҳми назаррас дар таҳкими нуфузи варзиши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш арзёбӣ мегардад.

Дар пайравӣ ба иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ва бо мақсади бозҳам ҳасамандгардонии ҷавонону варзишгарони вилоят “Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис ёфтааст, ки Абдуллои Ориф аз аввалинҳое, мебошад, ки соҳиби ин Ҷоиза хоҳад гардид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид Абдуллои Орифро бо ин пирӯзии таърихӣ самимона табрик намуда, барояш дар мусобиқаҳои минбаъда барору муваффақиятҳои боз ҳам бештар таманно намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles