КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАТБИҚШАВИИ ЛОИҲАИ “ОБТАЪМИНКУНӢ ВА КОРЕЗИ ШАҲРИ КӮЛОБ”
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар намояндагони расмӣ аз рафти корҳои татбиқшавии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” воқеъ дар деҳаи Корези Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳа аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардидааст. Арзиши умумии лоиҳа 17,750 миллион евроро ташкил дода, маблағгузорӣ асосан аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мегардад. Аз маблағи умумӣ 16,5 миллион евро саҳми Бонк буда, аз он 9 миллион евро қарз ва 7,5 миллион евро грантро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, барои дастгирии техникӣ 1,25 миллион евро ҷудо гардидааст.
То имрӯз 78 фоизи маблағҳо азхуд гардида, корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба нақша идома доранд. Танҳо дар соли 2025 иҷроиши корҳо 44,3 фоизро ташкил медиҳад.
Айни ҳол аз ҷониби 8 корхонаи пудратии маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 300 нафар мутахассисони ватанӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин мебошанд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмони шоҳқубур аз обанбор то ҳавзҳои оби тоза, сохтмони шоҳқубури худҷоришаванда, барқарорсозӣ ва васеъ намудани шабакаҳои обтақсимкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои канализатсия, сохтмон ва азнавсозии истгоҳҳои насосии об, харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузаронидани тадқиқоти гидрогеологӣ, барқарорсозии обанборҳо, ҳавзҳо ва харидории техникаҳои махсуси коммуналӣ дохил мешавад.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд суръат дода шуда, тибқи нақшаи муайян сари вақт анҷом ёбанд, то таъминоти оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳр пурра беҳтар ва таъмин гардад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

