ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Имрӯз, 21 феврал, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр 13 нафар шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони корхонаи саноатӣ ва фермаи чорво, иваз намудани симчӯбҳои барқӣ, дастрас намудани гранти раиси вилоят, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистон ва дигар мавзуъҳо дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот намуда, вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки замин, рушди сайёҳӣ ва таҳкими корҳои идеологӣ ибрози назар карданд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles