ВАХШ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ №1

Имрӯз, 21 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш аз рафти корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи томактабии №1 боздид ба амал оварданд.

Бинои иловагӣ барои 80 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо ташаббуси имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Вахш дар кӯчаи ба номи Борбади Марвазӣ бунёд мешавад. Ин иқдоми хайрхоҳона ҳамчун намунаи ҳамкории созандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушду ободонии соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

Раиси вилоят нахуст бо ходимони дин мулоқот намуда, саҳми онҳоро дар бунёди иншооти иҷтимоӣ намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас унвон карданд. Таъкид гардид, ки ташаббусҳои неку созанда дар самти дастгирии соҳаи маориф ва тарбияи кӯдакон бояд минбаъд низ густариш ёбанд. Зикр шуд, ки чанде қабл низ бо ташаббуси ходимони дин дар ноҳия китобхона бунёд гардида буд, ки имрӯз ба сокинон хизмат мерасонад.

Дар идомаи боздид раиси вилоят бо кормандони муассисаи томактабии №1 ба номи «Афсона» вохӯрӣ намуда, аз шароити таълиму тарбия ва имкониятҳои фароҳамгардида барои кӯдакон шинос шуданд. Масъулон иттилоъ доданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шумораи кӯдакони фарогирифтаи муассиса зиёд гардида, шароити боз ҳам беҳтари таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад.

Таъкид гардид, ки корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дошта, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles