ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ПОЛИЭТИЛЕН (ПЛЁНКА) ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Имрӯз, 21 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли полиэтиленро (плёнка), воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи навтаъсис аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Чин» бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз беш аз 3,5 тонна маҳсулоти полиэтилениро ташкил медиҳад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин коргоҳ 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки ин иқдом дар самти коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолият менамоянд. Ба гуфтаи масъулон, дар марҳилаҳои минбаъда бо ворид намудани таҷҳизоти иловагӣ иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам афзун гардида, шумораи ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

Коргоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Ҳайдар Мирсаидов ва Юсуфзода Давлатбек бунёд гардида, аз аввалин чунин корхонаҳо дар ноҳияи Вахш ба шумор меравад. Ифтитоҳи он қадами муҳим дар самти рушди саноати маҳаллӣ, иваз намудани воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, дар корхона қисмҳои эҳтиётии мошинолоти кишоварзӣ низ аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб гардида, ба деҳқонон пешниҳод мешаванд, ки ин ба беҳтар гардидани фаъолияти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо соҳибкор иқдоми созанда ва ватандӯстонаи ӯро баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дастгирии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад.

Соҳибкорон дар навбати худ изҳор доштанд, ки дар оянда ният доранд бо ворид намудани таҷҳизоти нав истеҳсоли халтаҳои бастабандии селофаниро аз пластикаи безарар ба роҳ монда, номгӯи маҳсулотро васеъ намоянд.

Ифтитоҳи чунин корхонаҳо дар ноҳияи Вахш нишонаи рушди босуботи соҳаи саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles