КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ

КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ

Имрӯз, 20 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён аз ҷараёни самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад–2», воқеъ дар деҳаи Элти, боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад–2» 17 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар 8 гектар пиёз кишт гардида, дар дигар қитъаҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш меёбанд. Аз ҷумла, 1,1 гектар гандум, 0,25 гектар картошка, 0,4 гектар карам ва 0,30 гектар сабзӣ корида шудааст. Ин таркиби гуногуни зироатҳо нишон медиҳад, ки хоҷагӣ ба масъалаи кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин диққати ҷиддӣ медиҳад.

Раиси вилоят бо деҳқонон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, интихоби дурусти навъҳои зироат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин менамояд, ки ин масъулияти бузург мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як хоҷагии деҳқонӣ бояд бо дарки баланди масъулият, истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар фарҷом роҳбарияти вилоят ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани кишти зироатҳои барвақтӣ, тақвияти корҳои саҳроӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles