ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ХУРДИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ХУРДИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон майдончаи хурди бозии футболро, ки дар деҳаи Челонзори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти варзишӣ бо саҳми сокинони маҳал ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо сабзаи сунъии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Майдончаи мазкур барои рушди варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати фаъолонаи наврасону ҷавонон бунёд гардидааст.

Акнун ҷавонони деҳаҳои Челонзор, Ҳасанӣ, Дарагӣ ва дигар деҳаҳои атроф метавонанд дар шароити мусоид ба бозии футбол машғул шуда, маҳорати варзишии худро сайқал диҳанд. Ин иқдом барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва пешгирии амалҳои номатлуб миёни онҳо мусоидат менамояд.

Зимни маросими ифтитоҳ раиси вилоят бо сокинон суҳбати самимӣ анҷом дода, ташаббуси онҳоро дар самти ободонӣ ва рушди деҳот намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки саҳми аҳолӣ дар бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ нишонаи баланди ҳисси масъулият ва ватандӯстии онҳо мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси вилоят ба наврасон тӯби футбол тақдим гардида, ба онҳо барору комёбӣ орзу карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles