ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов толори нави варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки толори варзишӣ бо саҳми сокинони маҳал бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, пурра бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иншооти мазкур барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда, дар як вақт имкони фаро гирифтани то 40 нафарро ба машқу тамрин таъмин менамояд.

Зимни маросими ифтитоҳ раиси вилоят бо сокинон ва ҷавонон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ташаббуси онҳоро дар самти ободонӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва ҳамдилию ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои созанда ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб миёни ҷавонон ва рушди истеъдодҳои варзишӣ заминаи мусоид мегузорад.

Ҳамзамон ба ҳар як ташаббускор ва саҳмгузор барои дастгирӣ ва ҳиссаи арзандаашон дар бунёди толори варзишӣ изҳори сипос баён гардид.

Бояд зикр кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти фароҳамсозии шароити арзандаи таълиму тарбия ва рушди варзиш дар ноҳияи Ёвон ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles