ДИДАН НАМУДАН АЗ НАМОИШИ “ХАТИ ТЕХНИКӢ”-И ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЁВОН

ДИДАН НАМУДАН АЗ НАМОИШИ “ХАТИ ТЕХНИКӢ”-И ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз омодагии техникаҳои кишоварзии ноҳияи Ёвон барои оғози кишту кори баҳорӣ боздид намуданд.

Зимни боздид техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуда, омодагии онҳо барои мавсими баҳорӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон ва механизаторон суҳбат намуда, вобаста ба банду басти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо, ҳолати пунбашинонак ва тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.

Дар «хати техникӣ» зиёда аз 100 адад техникаи гуногуни кишоварзӣ ва 30 адад тухмипошак омодаи кор гузошта шуда буд.

Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор тамоми техникаҳои заруриро мутобиқ ба талаботи агротехникӣ пурра омода намуда, истифодаи самараноки онҳоро таъмин намоянд.

Заҳматкашони вилояти Хатлон бо риояи тавсияҳои мутахассисон ва анҷом додани кишти зироат дар муҳлатҳои муайяншуда метавонанд ба дастёбии ҳосили фаровон ноил гарданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles