БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ВА ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАҲОИ МУАССИСАҲОИ НАВ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Имрӯз, 17 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон аз рафти сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди МТМУ № 17 боздид намуданд. Ҳамзамон, ба раиси вилоят лоиҳаҳои сохтмони 17 муассисаи таълимии дигар барои 10580 ҷойи нишаст дар ду баст, ки дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудаанд, муаррифӣ гардид.
Бинои иловагии таълимӣ дар деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Даҳана, тибқи лоиҳа сеошёна буда, аз 26 синфхона, толори маҷлис ва ошхона иборат мебошад. Иншоот барои фарогирии 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассиса бартараф хоҳад гардид.
Сохтмони бино бо саҳми аҳолии маҳал оғоз ёфта, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум идома доранд. Арзиши умумии лоиҳа 15 миллион сомониро ташкил дода, то имрӯз ба маблағи 2 миллиону 717 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.
Зимни боздид ба раиси вилоят ҳамчунин лоиҳаҳои сохтмони 17 муассисаи таълимии дигар дар ҳудуди ноҳия тариқи баннер муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилоят ба сифати корҳои иҷрошуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, истифодаи босифати масолеҳи сохтмонӣ ва риояи муҳлатҳои муқарраргардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қайд гардид, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ заминаи муҳими тарбияи насли соҳибмаърифат ва ояндасоз мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

