БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз, 17 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аз рафти корҳои сохтмонии варзишгоҳ барои бозии футбол дар ноҳияи Ёвон боздид намуданд.

Варзишгоҳи мазкур дар деҳаи Калфи сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, бо саҳми сокинони маҳал, бахусус ҷавонони фаъол бунёд гардида истодааст. Ин иқдоми созанда нишон медиҳад, ки аҳолии деҳа дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди варзиш саҳми арзанда мегузоранд.

Майдони варзишгоҳ бо андозаи 90 ба 60 метр сохта шуда, фарши он бо сабзаи сунъӣ муҷаҳҳаз мегардад. Лоиҳа инчунин бунёди нишастгоҳ барои 1000 нафар тамошобинро дар ду паҳлуи майдон дар бар мегирад. Илова бар ин, минбар ва ду утоқи алоҳида барои иваз намудани либоси варзишгарон сохта шуда истодааст.

Атрофи варзишгоҳ бо симтури оҳанин иҳота гардида, корҳои кабудизоркунӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ба зебо гардидани муҳити атроф мусоидат хоҳад кард.

То имрӯз барои бунёди иншооти мазкур зиёда аз 2 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Масъулин изҳор доштанд, ки варзишгоҳ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода дода мешавад.

Зимни боздид раиси вилоят ба сифати корҳои анҷомдодашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори варзишӣ заминаи муҳим барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб ва тарбияи насли ватандӯсту солим ба ҳисоб меравад.

Бунёди чунин иншооти варзишӣ бо дастгирии аҳолии маҳал намунаи ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон буда, дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles