БОХТАР: ТАҚДИМИ КИТОБ ВА МАВОДИ ҒИЗОӢ БА САРБОЗОН

БОХТАР: ТАҚДИМИ КИТОБ ВА МАВОДИ ҒИЗОӢ БА САРБОЗОН

Имрӯз, 14 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади арҷгузорӣ ба маърифату дониш ва дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ аз қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар боздид намуданд.

Зимни боздид ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб ба сарбозон беш аз 200 адад китоб тақдим гардид. Китобҳо дар жанрҳои гуногун — аз адабиёти бадеӣ то китобҳои таърихиву маърифатиро фаро гирифта, барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи қисми ҳарбӣ пешбинӣ шудаанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон таъкид намуданд, ки китоб сарчашмаи асосии маърифат, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии васеъ буда, мутолиаи пайвастаи он дар тарбияи кадрҳои босаводу ватандӯст нақши калидӣ мебозад. Қайд гардид, ки ҷавонони далеру шуҷоъ, ки имрӯз дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ адои хизмат менамоянд, бояд ҳамзамон бо омодагии ҷисмонӣ, аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ низ такмил ёбанд.

Ҳамзамон, ба сарбозон маводи ғизоӣ ва лавозимоти варзишӣ кумак расонида шуд. Аз ҷумла, гӯшт, орд, қанд, равған, картошка, пиёз, биринҷ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастрас гардиданд. Ин иқдом ба беҳтар намудани шароити рӯзгор ва боло бурдани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ равона шудааст.

Дар ҷараёни боздид раиси вилоят бо шароити зисту хизмати сарбозон аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, хизмат дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

Боздиди мазкур дар фазои самимият ва эҳтироми мутақобил сурат гирифта, барои сарбозон рӯҳбаландӣ ва илҳоми тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles