ДАНҒАРА: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

ДАНҒАРА: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, имрӯз, 12 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара иштирок намуданд.

Зимни шинонидани ниҳолҳо раиси вилоят бо сокинон ва масъулони ноҳия суҳбат ороста, ба аҳамияти иқдоми мазкур дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши масоҳати сабзазорҳо таъкид карданд. Давлаталӣ Саид аз масъулони сохторҳои дахлдор талаб намуданд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад, то нашъунамои босифати онҳо таъмин гардад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин тадбири экологӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва гурӯҳи мутахассисону фаъолон дар канори шоҳроҳи автомобилгарди Данғара–Душанбе зиёда аз 4000 бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои соли 2026 шинонидани 600 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадор, инчунин 9 095 140 дона гулу гулбуттаҳо пешбинӣ гардидааст.

Ниҳолшинонӣ аз ҷумлаи амалҳои неку созанда буда, ҳамчун анъанаи нек аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонӣ табдил ёфта, сокинон, махсусан дар самти сабзгардонии таллу теппаҳо, фаъолона саҳм мегузоранд.

Бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles