ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ХАТЛОН

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ХАТЛОН

Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва мутобиқи фармоиши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одинаев Хайрулло Шарифович ба вазифаи мудири бахши Агентии мазкур дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардид.

Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мутахассиси навтаъинро ба ҳузур пазируфта, оид ба баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа дар минтақаи Кӯлоб ба ӯ супоришҳои мушаххас доданд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки фаъолияти бахш бояд дар асоси шаффофият, риояи қатъии қонунгузорӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят ба кадри навтаъин барори кор орзу намуда, ҷиҳати бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ дастуру ҳидоятҳои зарурӣ доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles