ҶАЛАСАИ ЯКУМИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ ДАР ХАТЛОН БАРГУЗОР ШУД
Имрӯз, 9 феврал, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии “Мубориза бар зидди малах” баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони сохторҳои марбута ва масъулони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва ташкили корҳои пешгирикунанда бар зидди малах мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти мушоҳида шудани паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон, аз имрӯз сар карда бояд тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва нест намудани ин ҳашароти зараррасон андешида шаванд. Зеро малах метавонад ба майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо зарари ҷиддӣ расонад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки омодагиро ба мавсими “Мубориза бар зидди малах” пурзӯр намуда, иҷрои саривақтии чорабиниҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир Ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ фаъолияти худро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва ҳамоҳангсозии корҳоро таъмин кунанд.
Роҳбарони филиалҳои КВД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малахи минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб» вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин харитаи мавзеъҳои эҳтимолии паҳншавии малахро таҳия намуда, коркарди техникиро дар ин минтақаҳо ба роҳ монанд. Инчунин таъмиру омодасозии техникаю мошинолот, таъмини сӯзишворӣ ва захираи кофии заҳрхимикатҳои сахттаъсир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими зикршуда арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешаванд. Ба иттилои мутахассисон, ин навъи малах бештар дар минтақаҳои дастнорас тухм гузошта, баъдан аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳаракат мекунад, ки сари вақт андешидани тадбирҳоро тақозо менамояд.
Бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи оммавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ҳамасола Ситоди мубориза таъсис дода шуда, барои таъмини саривақтии корҳо заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

