БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАИ ШАҲРВАНД САТТОРОВ ЭРГАШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАИ ШАҲРВАНД САТТОРОВ ЭРГАШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Имрӯз, 7 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз гармхонаи шаҳрванд Сатторов Эргаш, сокини деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш боздид намуданд.

Сатторов Эргаш Норкобилович, сокини 61-солаи деҳаи Навобод, оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, бо истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ба рушди кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.

Масоҳати умумии замини наздиҳавлигии ӯ 0,28 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 0,15 гектар ба гармхона, 0,05 гектар ба оғилхона ва 0,08 гектар ба кишти зироатҳои зери плёнка ҷудо гардидааст. Дар гармхона ва қитъаҳои зери плёнка маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ парвариш ёфта, ба бозори маҳаллӣ пешниҳод карда мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон зимни боздид истифодаи оқилонаи замин ва ташаббуси шахсиро намунаи хуби меҳнати созанда арзёбӣ намуда, ба рушди гармхонаҳо ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки истифодаи ҳар ваҷаб замин, роҳандозии гармхонаҳо ва кишти зери плёнка имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фаслҳои сол ба роҳ монда шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles