БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 4 феврали соли ҷорӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар маъракаи оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Аҳлидди”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, иштирок намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурра гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ кишти картошка дар майдони умумии 8 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 346 гектар ба ноҳияи Ҷайҳун рост меояд.

Тибқи маълумоти масъулон, то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун дар майдони беш аз 110 гектар кишти картошка анҷом дода шуда, кишоварзон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ корҳои саҳрогиро вусъат бахшида истодаанд. Чунин тадбирҳо ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо сабзавоти тару тоза мусоидат менамоянд.

Ба иттилои масъулон, хоҷагии деҳқонии “Аҳлидди” дорои 4 гектар замини корам буда, имсол саҳмдорон дар он кишти картошка ба роҳ мондаанд. Дар кишт тухмии ватанӣ аз навъи серҳосили “Мастчоҳ” истифода гардида, он ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ мебошад ва имконияти ба даст овардани ҳосили хубро фароҳам меорад.

Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни кишти картошка, коркарди хок ва тадбирҳои агротехникӣ шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлатҳои кишт, истифодаи тухмии хушсифат, ғизодиҳии дуруст ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки иҷрои чунин чорабиниҳо дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles