БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ОСОРХОНАИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ОСОРХОНАИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 4 феврали соли ҷорӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии бинои Осорхонаи ноҳия аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷайҳун аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва бо назардошти нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ бунёд мегардад. Ин иншооти фарҳангӣ бо саҳми сокинони ватандӯст, соҳибкорон ва шахсони ташаббускор сохта шуда, нишонаи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо ба ҳисоб меравад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ин иқдоми неку созандаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки бунёди чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ғании ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои меъморию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи осорхона дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ба истифода супоридани бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷайҳун ба ғанӣ гардидани ҳаёти фарҳангии сокинон, муаррифии таърихи пурғановати минтақа ва ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба рушди иҷтимоию фарҳангии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles