ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ПАНҶИ ПОЁН
Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Панҷи Поён иштирок намуданд.
Ин тадбири муҳими экологӣ бо мақсади сабзу назаррабо гардонидани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа ва зебо намудани яке аз роҳҳои муҳими нақлиётии ноҳия роҳандозӣ гардид. Дар доираи маърака беш аз 1200 бех арча ва 1000 бех ниҳоли павлония, ки ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ мебошанд, шинонида шуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи муҳити зист буда, дар пешгирии эрозияи хок, беҳтар шудани сифати ҳаво ва фароҳам овардани муҳити солими зист барои аҳолӣ нақши муҳим дорад. Раиси вилоят зарурати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи онҳо аз омилҳои берунаро махсус таъкид намуданд.
Дар маъракаи сабзгардонӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва сохторҳои зертобеи он дар ноҳияи Ҷайҳун, инчунин фаъолони маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии муҳит гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки чунин тадбирҳои экологӣ дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба беҳтар гардидани фазои экологӣ, боло рафтани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

