БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗИИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗИИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» бо ҷараёни корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 аз наздик шинос шуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур ҳамчун яке аз иншооти муҳими обтаъминкунӣ дорои 11 агрегати обкашӣ буда, дар доираи лоиҳаи таҷдиду навсозӣ таъмири пурраи техникии он ба роҳ монда шудааст. Пас аз анҷоми корҳои азнавсозӣ ва ба истифода додани пойгоҳ, имконият фароҳам меояд, ки майдони зиёда аз 7,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, дар доираи ин лоиҳа насби 1,5 километр қубурҳои обрав пешбинӣ гардида, он барои кам намудани талафоти об, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки маблағгузории корҳои азнавсозӣ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёнии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ мегардад.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, риояи талаботи техникӣ ва ба истифода додани саривақтии иншоот дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти мунтазами чунин пойгоҳҳо дар таъмини оби полезӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии кишоварзон нақши муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди соҳаи обёрӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиии об ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles