ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ТУРСУНОЙ”-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар маъракаи оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Турсуной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, иштирок намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур беш аз 6 гектар замини корами обӣ дошта, дар он сол ба сол кишти навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавот ба роҳ монда мешавад. Маҳз картошка яке аз зироатҳои асосии хоҷагӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини бозори дохилӣ ва захираи маводи ғизоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни кишти картошка бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ, коркарди сифатноки хок, пошидани нуриҳои биологӣ ва риояи меъёрҳои илмӣ аз наздик шинос шуданд. Таъкид гардид, ки истифодаи тухмии хушсифати ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ, ғизодиҳии дуруст ва обёрии саривақтӣ метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни суҳбат бо масъулон ва кишоварзон Давлаталӣ Саид ҷиҳати интихоби тухмии серҳосил, васеъ намудани майдони кишт, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дастуру тавсияҳои муфид доданд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат буда, саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле муҳим аст.
Қобили зикр аст, ки чунин тадбирҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

