“300 РӮЗИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН» ДАР ХАТЛОН

“300 РӮЗИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ВАТАН» ДАР ХАТЛОН

Имрӯз, 3 феврали соли 2026, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» дар вилоят, иқдоми муҳими ҷамъиятиро таҳти унвони «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан» эълон намуданд.

Таъкид гардид, ки соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ буда, ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонӣ, тозагӣ ва беҳсозии муҳити зисти худ — аз хона то маҳалла саҳми фаъол гузорад.

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилояти Хатлон бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 иншооти пешбинишуда 6640 иншоот сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.

Дар идомаи ин иқдомҳои созандагӣ, дар соли 2026 бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои маориф, томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар соҳаи маориф соли гузашта 146 муассиса, аз ҷумла 110 муассисаи таълимӣ бо 1242 синфхона сохта шуда, барои беш аз 62 ҳазор хонанда дар ду баст шароити таҳсил фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, 32 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 20 боғча барои 4074 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд, ки сатҳи фарогирии кӯдаконро ба 33,2 фоиз расонд.

Бо саҳми соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ ва 13 муассисаи томактабӣ ба маблағи умумии зиёда аз 148 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар соҳаи тандурустӣ 41 муассиса ба маблағи 105 миллион сомонӣ, инчунин барои ҷавонон 61 иншооти варзишӣ ба маблағи 131 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин, соли гузашта дар вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 108 адад пул таъмиру азнавсозӣ гардиданд, ки аксари онҳо бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ анҷом дода шудаанд.

Ин ҳама ташаббускорӣ ва созандагию бунёдкориҳо нишон медиҳад, ки иқдоми «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан” метавонад ҳамчун механизми пиёда сохтани ҳадафҳои дар ростои “Соли вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” гузошташуда баромад намуда, вилояти Хатлонро ба як марҳалаи нави рушд ворид ва сокинони шарафманди онро ба худшиносию худогоҳии миллӣ ҳидоят намояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles