ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 3 феврал, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раис, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо раиси вилоят ба масъулон супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат баён гардиданд, чораҷӯӣ карда шавад.
Барои риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо, марҳила ба марҳила зиёд намудани кишти картошка, сари вақт гузаронидани шудгори заминҳо, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, бунёди боғу токзор аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо, оқилона истифода намудани обу замин, дар муҳлати оптималӣ кишту парвариши зироати кишоварзӣ, обёрии заминҳои бекорхобида, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот, таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, идеологӣ, даъвати баҳорӣ ба сафи Артиш ба масъулон супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар пайрави ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иншооти таъиноташ гуногун бунёд ва шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят инчунин масъалаҳои мубориза бар зидди малах, супоридани андоз, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизионҳо ва дигар расонаҳо, баргузории озмуну маҳфилҳо бахшида ба Солҳои фарҳанги китобхонӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва соҳаҳои маориф ва тандурустиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

