МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «DAYU NEW ENERGY LIMITED» ДАВИД ЛИУ

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «DAYU NEW ENERGY LIMITED» ДАВИД ЛИУ

Имрӯз, 24 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Давид Лиу, роҳбари шикати «Dayu New Energy Limited» мулоқот намуданд.

Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, дар марҳилаи кунунӣ бо суръат дар ҳоли рушд аст.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки шикати «Dayu New Energy Limited» аз соли 2018 ба тиҷорати барқароршавандаи энергия машғул буда, ба сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ машғул аст.

Давид Лиу гуфт, ки ҳадафи мо ҷаҳонро бо энергияи сабзи тоза, боэътимод ва дастрас таъмин намудан мебошад. Ҳоло мо дар Гурҷистон ва Қазоқистон лоиҳаҳои энержии шамолиро амалӣ карда истодаем.

– Ният дорем дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолиро бо иқтидори 500 МВт бунёд намоем. Ширкати мо барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонии энергияи сабз бо ширкатҳои бонуфузи энергетикӣ шарикии стратегӣ барқарор кардааст. Тавассути сармоягузории муштарак дар лоиҳаҳои бузурги байналмилалии энергияи барқароршаванда саҳми худро мегузорем, – афзуд Давид Лиу.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.

– Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонам, – афзуд раиси вилоят.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles