ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025

Имрӯз, 12 январ, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазирону роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раиси вилоят, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки дар соли 2025 фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шуд.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон якҷо бо шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муасисаҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар соли 2025 мусбат ҷамъбаст намуданд, – афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Маврид ба қайд аст, ки соли 2025 соли пурбаракат буд ва ба шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат, ки дар давоми сол бо таваҷҷуҳи хос 6 маротиба ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар онҳо беш аз 2200 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Раиси вилоят афзуд, ки боварии комил дорем, ки мо фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, инчунин амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.

Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли сипаришуда шунида шуд.

Дар идома муовини раиси вилоят оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ бунёд ва азнавсозии 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар 6640 бинову иншоот (ба маблағи 52,8 миллиард сомонӣ) корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 101,1 фоиз ва нақшаи соли 2025 ду баробар зиёд мебошад. Инчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иловатан ба нақша 1284 иншоот пешбинӣ гардидааст.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят соли 2025 дар майдони 108125 гектар кишти пахта гузарониданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 259,6 ҳазор тонна пахта ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Соли 2025 дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 628 километр роҳҳо мумфарш, 596 километр сангфарш ва 65 адад пулу қубурҳо ба маблағи 292,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардиданд.

Инчунин, аз ҷониби идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 2588,6 километр ба маблағи умумии 341,4 миллион сомонӣ роҳҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 52,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз он 546 километр таъмири асосӣ, 649,4 километр сангфарш, 1393 километр таъмири ҷорӣ ва 156 пул ва қубурҳо таъмиру навсозӣ карда шуданд.

Бо дастгирӣ ва иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2025 роҳи автомобилгарди Данғара — Бохтар ба масофаи 68,8 километр мавриди истифода қарор гирифта, ба таҷдиду навсозии роҳҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор санги асос гузошта шуд, ки айни замон дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Соли 2025 ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 146 адад иншоотҳои соҳаи маориф дорои 1242 адад синфхона барои 31050 ҷои нишаст дар як баст (дар ду баст барои 62100 ҷои нишаст) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони зиёда аз 54 адад иншоотҳои соҳа иборат 562 адад синфхона бо фарогирии 14050 ҷойи нишаст дар 1 баст (дар 2 баст 28100 ҷойи нишаст) идома дорад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ сафарбар сохта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони вилоят равона карда шавад.

Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.

Дар вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.

Зикр гардид, ки роҳбарон, фаъолон ва меҳнаткашони вилоят дастуру супориш, ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баённамударо ҳамарӯза пешаи корӣ қарор дода, масъулият ва фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо боз ҳам афзун менамоянд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созанддагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар интиҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебо гардонидани маҳал ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles